Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ҶДММ «Тоҷ-Агро» шинос шуданд

Сентябрь 5, 2024 11:23

ДУШАНБЕ, 05.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз заминҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Агро» боздид намуда, бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст имкониятҳои обёрӣ ва боғу токзори бо усули нав бунёдшуда муарифӣ карда шуд.

Бо бунёди 2 ҳавзи нави обсофкунӣ ва насби 3 пойгоҳи обкашию технологияи софкунандаи об имкон фароҳам шудааст, ки 50 гектар замин бо усули қатрагӣ обёрӣ шавад. Пешгирӣ аз сахтшавии қабати замин, дастрасии беҳтари растанӣ ба ғизо ва дигар омилҳо аз афзалияти асосии обёрии қатрагӣ ба ҳисоб меравад.

Имсол кишоварзони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Агро» ба таври таҷрибавӣ дар майдони 1,5 гектар боғи интенсивӣ-таҷрибавии себ бунёд намудаанд, ки айни замон дар ҳолати хуби нашъу намо мебошад. Бо мукаммалшавии таҷриба оянда майдони боғҳои бо технологияи нав обёришаванда васеъ карда мешавад.

Роҳбари давлат бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳон ва дучандшавии талаботи аҳолии сайёра ба маводи ғизоӣ беҳсозии имкониятҳоро барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати расидан ба яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар — таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Солҳои 2023-2024 бо назардошти талаботи бозори истеъмолӣ дар майдони 17 гектар навъҳои бедонаи ангур дар асоси таҷрибаи муосир шинонида шудааст. Агар бо усули анъанавӣ дар майдони 1 гектар то 330 буттаи ангур ҷойгир карда мешуд, бо усули нав дар майдони 1 гектар зиёда аз 1300 бутта ҷойгир карда мешавад, ки аз чанд ҷиҳат афзалият дорад.

15 навъи ангури бедонаи хушсифати бозоргири ҷаҳонӣ аз хориҷ ворид карда шуда, баъди мутобиқгардонӣ ба иқлими Тоҷикистон дар ин ҷо шинонида шудааст. Ҳоло меҳнаткашони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Агро» дар парвариши навъҳои ангури бедонаи дар асоси технологияи муосир парваришёбанда таҷриба пайдо кардаанд ва оянда нақша доранд, ки дар васеънамудани майдони чунин навъҳои токзор дар кишвар саҳмгузор бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда ва таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ҷалб намуданд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Агро» 150 нафар вобаста ба талабот ба корҳои мавсимию доимӣ ҷалб мешаванд.

Меҳнаткашон талош доранд ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути дар истеҳсолот ҷорӣ кардани таҷрибаи муосир самаранокии заминро баланд бардоранд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Агро» дар масоҳати 3 гектар замин барои парвариши зироат ва дарахтони ситрусию тропикӣ 2 гармхонаи доимамалкунанда бунёд намудааст. Ҳоло парвариши ниҳолҳои дарахтони тропикӣ ба таври таҷрибавӣ ба роҳ монда шудааст. Меҳнаткашон нақша доранд, ки тавассути мутобиқгардонӣ ба шароити иқлими Тоҷикистон афзоиши истеҳсоли меваҳои тропикӣ, аз ҷумла манго, банан ва авакадоро таъмин намоянд.

Хоҷагӣ дар маҷмуъ дар ихтиёри худ 75 гектар замини корами обӣ дорад, ки аз ин 22 гектарашро боғи мевадиҳанда ва 50 гектари онро токзор ташкил медиҳад.

Барои нигоҳдории ҳосили меваи боғу токзор дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Агро» сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот бунёд гардидааст.

Инчунин дар ҳудуди ҷамъият коргоҳи коркарди асал фаъолият мекунад.

Намунаи маҳсулоти дар хоҷагӣ парваришёбанда ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муарифӣ карда шуд.

Сарвари давлат хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин, вобаста ба шароити дигаргуншавии иқлим ба роҳ мондани парвариши растаниҳо, ҳарчи бештар дар истеҳсолот ҷорӣ кардани таҷрибаи муосир ва рушди соҳаи кишоварзӣ ҳидоят намуданд.

Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶ-АГРО” дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 05.09.2024

Сентябрь 5, 2024 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт биноҳои маркази саломатӣ, беморхонаи марказӣ ва маркази ташхису табобатиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд
Сарвари давлат: «Сатҳи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои Тоҷикобод беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дастрасӣ ба маблағҳои қарзии дарозмуҳлат омили муҳими ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат аст»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Лахш 124 иншоот бунёду таҷдид мегардад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуданд
ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ РАШТ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия аз 2,3 ба 74,6 миллион сомонӣ баробар гардид
Дар ноҳияи Тоҷикобод 101 иншоот бунёд ва таҷдид мешавад
Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт 73 иншооти гуногун ба истифода дода мешаванд