«Тоҷик Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе оғоз менамояд

Сентябрь 27, 2024 15:05

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» шуруъ аз 30 сентябри соли 2024 парвозҳоро дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе оғоз менамояд.

Парвозҳои ҳавоӣ дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шуданд.

Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Парвиз Шодмонзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, парвозҳо дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе ҳафтае се маротиба: рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе тавассути ҳавопаймои АН-28 анҷом дода мешаванд. Нархи чипта дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе дар як самт 900 сомонӣ буда, шаҳрвандон имкон доранд чиптаҳои парвозро аз нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои «Тоҷик Эйр», ки дар бинои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов 32/1 воқеъ аст, дастрас намоянд. Масофаи парвоз аз Душанбе ба Хоруғ 1 соату 10 дақиқаро ташкил медиҳад.

Ҳавопаймои АН-28, ки қаблан дар ин масир парвоз мекард, аз ду муҳаррик иборат буда, ғунҷоиши 17 мусофирро дорад. Он баъди таъмири куллӣ ва тамдид гардидани муҳлати истифодааш парвозҳоро дар самти Душанбе-Хоруғ-Душанбе идома медиҳад.

Ҳавопаймои АН-28, ки дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе аз 30 сентябр ба парвоз оғоз мекунад, ба талаботи бехатарии авиатсионӣ ҷавобгӯ ва мутобиқ мебошад.

26 сентябр ҳавопаймои АН-28 дар фазои Душанбе парвози санҷишии муваффақона анҷом дод. Парвоз аз Душанбе ба Хоруғ соати 8:00 субҳ доир шуда, вақти парвоз 1 соату 10 дақиқаро ташкил медиҳад. Чун Бадахшон минтақаи баландкӯҳ мебошад, парвоз дар ин масир ба вазъи боду ҳаво сахт вобаста аст.

Назар ба иттилои фармондеҳи ҳавопаймои АН-28 Шукрихудо Додихудоев, парвоз дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе душвортарин роҳи ҳавоӣ арзёбӣ мегардад.

Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Хоруғ аз моҳи сентябри соли 2021 қатъ шуда буд. То он дам парвозҳо ба Хоруғ тариқи ягона ҳавопаймои АН-28, ки бо иҷозатномаи парвоз дар ихтиёри «Тоҷик Эйр» қарор дошт, анҷом дода мешуд.


Ҳоло шаҳрвандон ва сайёҳон ба Бадахшон тавассути роҳи мошингард сафар менамоянд, ки 16-17 соат вақтро мегирад. Бо барқарор гардидани роҳи ҳавоӣ дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе мушкили мусофироне, ки нияти ба Бадахшон сафар кардан доранд, осон мегардад. Яъне онҳо имкон доранд соати 08:00 аз Душанбе ба Хоруғ парвоз намуда, соати 10:00 ба Душанбе баргарданд. Вақти рафту омад ҳамагӣ 2 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад.

Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Парвиз Шодмонзода иттилоъ дод, ки ширкат дар оянда тасмим гирифтааст, ки парвозҳои маҳаллиро дар масири Душанбе-Панҷакент, Душанбе-Рашт, Душанбе-Лахш, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Ишкошим, Душанбе-Ванҷ, Душанбе-Рӯшон ва Душанбе-Айнӣ, ки қаблан анҷом дода мешуданд, бо истифода аз имконияти мавҷуда барқарор намояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/«Тоҷик-Эйр»

Сентябрь 27, 2024 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ноҳияи Вахш ба хориҷи Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Хатлон маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 19,9 миллиард сомонӣ баробар шуд
Вазирони оби кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои идоракунии захираҳои обиро баррасӣ намуданд
Хадамоти алоқа: «Аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоед»
Байни Душанбе ва Минск парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд
Тоҷикистон лоиҳаи «Харитаи роҳ»-ро оид ба татбиқи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии ИДМ муаррифӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов парвариши пахта ва ҷамъоварии ҳосили пиёз идома дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Меъмории миллӣ ба ташаккули симои нави шаҳрҳо ва муҳити зисти муносиб мусоидат менамояд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 149,6 миллион сомонӣ расид
Ҳаҷми умумии маблағгузории сармоя дар ноҳияи Хуросон ба зиёда аз 337 миллион сомонӣ расонида шуд
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим дар муколамаи ҷавонон баррасӣ шуданд