Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Конститутсия ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-заминаи рушди ҳуқуқи инсон ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Дар конференсия олимону муҳаққиқон ва ҳуқуқшиносони мамлакат мавзуъҳои гуногунро вобаста ба муҳимияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ — бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳо, дарки ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо ва амсоли ин масъалаи маърифатнокии аҳолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мавриди амал қарор дода шудааст. Бо ин мақсад аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Саҳми Пешвои миллат дар ташаккулёбӣ ва рушди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Конститутсия дар ташаккули амнияти иқтисодии Тоҷикистон», «Баъзе хусусиятҳои назариявии ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ислоҳоти конститутсионӣ», «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ», «Пешвои миллат — тарғибгари арзишҳои ҳуқуқиву демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол» ва «Конститутсия ва таҳкими ҳокимияти судӣ» маъруза намуданд.
Таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 яке аз дастовардҳои азими мардуми Тоҷикистон буда, таҳкурсии бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро гузошт. Имрӯз он барои ифодаи ҳуқуқии хусусияти давлатдории миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши хоссаро доро мебошад.
Тамоми дастовардҳое, ки дар 30 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хираду фитрат ва заковати азими Президети мамлакат ва халқи Тоҷикистон мебошанд. Зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз ҷумҳурии моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳалли масоили умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Чин дар самти таҳқиқоти академӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Ғолибони фестивал-озмуни ҳунармандону косибон аз рӯйи чор номинатсия муайян гардиданд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин ба имзо расид
Оид ба саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид
Посух ба муроҷиати шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии фестивал-озмуни ҳунармандону косибон баргузор мегардад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Шаҳри Душанбе бо намоиши либосҳои муосири миллӣ ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардид
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! 10-12 май дар бештари қаламрави Тоҷикистон бориши бошиддати борони пешгӯӣ мешавад






