Занону духтарон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Конститутсияро меомӯзанду гиромӣ медоранд

Ноябрь 4, 2024 16:17

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар байни занону духтарони корхона озмуни анъанаҳои миллӣ ва васфи Конститутсия гузаронида шуда, ҷамъбаст гардид.

Таъкид гардид, ки давоми таърихи беш аз ҳазорсола миллати тоҷик дар баробари дигар арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ дорои фарҳанг, забон, расму оин ва арзишҳои миллӣ буд, ки маҳз тавассути онҳо миллат шинохта мешавад. Дар заминаи андешаҳои таърихӣ метавон гуфт, ки тоҷикон аз азал дорои тамаддун ва фарҳанги бою ғанӣ буда, маҳз тавассути он пойдории хешро давоми қарнҳо тақвият бахшидаанд. Зеро тавассути фарҳанги миллӣ симои ҳар миллат мавриди тасвир қарор мегирад. Либоси миллӣ муаррифи миллати тоҷик дониста мешавад, ки нахустин нишонаҳои онро ҳанӯз метавон аз бозёфтҳои таърихӣ, нақшу нигораҳои рӯи санг ва тасвирҳо дар деворҳо пайдо намуд.

Дар идома тазаккур дод шуд, ки Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид. Инчунин таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва адолати судиву иҷтимоӣ мебошад.

Занону духтарони корхона доир ба анъанаҳои миллии тоҷикон, фарҳангу либоси миллӣ, Конститутсия ва муқарароти он байни ҳам рақобат намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Ноябрь 4, 2024 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст