Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Ояндаи сабз дар дасти ҷавонон» конфронси байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар ҳошияи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Ояндаи сабз дар дасти ҷавонон» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар конфронс олимону муҳаққиқони самти пиряхшиносӣ ва ҳифзи муҳити зист доир ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва норасоии оби ошомиданӣ табодули афкор намуданд.
Иброз шуд, ки давоми моҳи сентябр ва октябри соли сипаришуда дар пиряхи Ванҷях бо мақсади гузаронидани корҳои инструменталии саҳроӣ дар қисмати ғизогирии пирях, муайян намудани хатсайри экспедитсионӣ барои таҳқиқоти минбаъда ва насби стансияи худкори мушоҳидаи шароити метеорологии қисмати ғизогирии пирях экспедитсияи байналмилалӣ гузаронида шуд.
Гуфта шуд, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаи махсус Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муқаррар шуда, солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» эълон гардиданд.
Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим шинохта шудааст. Қабул гардидани Соли байналмилалии «Оби тоза, соли 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» далели бебаҳси ташаббускории ҷумҳурии мо мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе






