Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои нозирони Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Котиботи Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» хабар доданд.
Дар маҷлис аъзои Шурои нозирон, котиботи шурои нозирон, роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони комиссияҳои тафтишотӣ ва баҳисобгирӣ, саҳмдорон ва роҳбарияти Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» иштирок намуданд.
Тибқи рӯзнома дар маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» 2 масъала:
— дар бораи ҷудо намудани маблағ аз фурӯши неруи барқи дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» истеҳсолшаванда барои барномаи тақсими манфиатҳои НБО «Роғун»;
— дар бораи тартиби тақсими даромадҳо аз ҳисоби фурӯши неруи барқи (дохилӣ ва содиротӣ) дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» истеҳсолшаванда баррасӣ карда шуд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои нозирони Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст ва то имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудааст.
Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ менамояд.
То имрӯз созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳ бо 6 созмони байналмилалӣ ба имзо расонида шуда, дар ин самт бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкории судманд барои ҷалби маблағҳои имтиёзнок идома дорад.
Дар идомаи маҷлис вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома — дар бораи ҷудо намудани маблағ аз фурӯши неруи барқи дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» истеҳсолшаванда барои барномаи тақсими манфиатҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» директори генералии Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» Хайрулло Сафарзода ва вобаста ба масъалаи дуюм – директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ Пулод Муҳиддиниён суханронӣ намуданд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда дар маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» қарорҳои дахлдор қабул гардид.
АКС: Котиботи Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун»








Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
Мулоқоти роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд
Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Иштирокдорони Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бо низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ — гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасонӣ барои саломатӣ ва зебоӣ доир мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод






