Ба сокинони шаҳри Ҳисор беш аз 450 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид

Апрель 23, 2025 11:29

ҲИСОР, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор намоишгоҳи ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар он даҳҳо нафар иштирок ва кори муносиб интихоб намуданд. Ҳамзамон якчанд нафар барои касбомӯзӣ ба даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ равона гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Дар намоишгоҳ намояндагони ташкилоту муассиса ва корхонаҳо иштирок намуда, ба корҷӯён зиёда аз 450 ҷойи кори холӣ пешниҳод намуданд. Инчунин барои корҷӯён аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» даҳҳо ҷойи кор пешниҳод гардид. Хоҳишмандон метавонанд мувофиқи ихтисос ва малакаю маҳорат ба ин иншооти муҳими стратегӣ ба кор  ҷалб карда шаванд.

Тибқи иттилои масъулин,  макони баргузории намоишгоҳ назди мардикорбозори шаҳри Ҳисор интихоб шуда, ба ин восита дар он  корҷӯёни зиёд иштирок намуданд.

Ҳамчунин  дар намоишгоҳ намояндагони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ҷамоати шаҳраки Ҳисор, Қитъаи беҳдошти замин ва обёрӣ, намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор, кумитаи маҳаллаи Гагарин иштирок карда, оид ба тоза нигоҳ доштани ҳолати санитарию гигиении мавзеъ, риояи тартибу низоми шаҳрдорӣ ва муошират бо мардум, бахусус бо мардикорон суҳбат намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 23, 2025 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тақрибан 150 волонтёр барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷалб шудаанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолу арзишҳои миллӣ даъват намуданд
«ҶАВОНОН — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Норак ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Танҳо давлатҳои дорои ҷавонони босаводу ватандӯст пойдор мемонанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд»
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе Шоу – барномаи консертии идона баргузор мегардад