Кормандони Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия мақоми дипломатӣ мегиранд
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). Созишномаи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Русия ба наздикӣ тавсиб хоҳад расид.Намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагони Хадамоти федералии Русия дар Тоҷикистон мақоми дипломатӣ мегиранд.