Рӯзҳои фарҳангии ҷавонони тоҷику қирғиз дар Хуҷанд
Хуҷанд, 12.08.2014 (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Субҳи имрӯз дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд назди ҳайкали сардафтари адабиёти классики тоҷик Абуабдулло Рӯдакӣ тантанаи пазироии иштирокдорон ва меҳмонони Рӯзҳои фарҳанги ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни пешвозгирӣ Раиси