Ба саҳифаи асосӣ

Фотогалереяҳо

Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

🕔19:44, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Матни пурра
ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар музофоти Кундузи* Афғонистон бар асари таркиш дар масҷиди шиаҳо беш аз 100 нафар кушта шуданд

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар музофоти Кундузи* Афғонистон бар асари таркиш дар масҷиди шиаҳо беш аз 100 нафар кушта шуданд

🕔17:02, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 октябр, дар музофоти Кундузи* Афғонистон бар асари таркиши шадид дар масҷиди шиаҳои Сайидобод беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хабаргузории «Al Arabia»

Матни пурра
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ГУЛРЕЗ» . Таҳти ин ном дар пойтахт озмуни гулҳо доир мегардад

«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ГУЛРЕЗ» . Таҳти ин ном дар пойтахт озмуни гулҳо доир мегардад

🕔16:50, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 8.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарғиби зебоипарастӣ миёни сокинони пойтахт, ҷиҳати муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор, инчунин сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ озмуни шаҳрии

Матни пурра
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус ҷараён доранд

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус ҷараён доранд

🕔16:14, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр Рӯзҳои фарҳанги  Тоҷикистон дар Беларус оғоз гардиданд, ки то 10 октябр идома меёбанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги мамлакат Мирзоолим Саидов. Ба ҳайат 43 нафар ҳунармандон бо роҳбарии муовини

Матни пурра
НАМОЯНДАГИИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ ТАВСИЯ МЕДИҲАД: дар муҳоҷират ба сару либос ва муносибату рафтори худ аҳамияти ҷиддӣ диҳед!

НАМОЯНДАГИИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ ТАВСИЯ МЕДИҲАД: дар муҳоҷират ба сару либос ва муносибату рафтори худ аҳамияти ҷиддӣ диҳед!

🕔16:05, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар/. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо як тавсиянома ба муҳоҷирон муроҷиат намудааст, ки   ба сару либос, мӯйлаб, риш, муносибат ва рафтори худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, забон, таърих ва осори

Матни пурра
Маъмурияти дипломатии Сафири Беларус дар Тоҷикистон анҷом ёфт

Маъмурияти дипломатии Сафири Беларус дар Тоҷикистон анҷом ёфт

🕔15:25, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Ивановро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар»

Матни пурра
Мария Ресса ва Дмитрий Муратов барандагони Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2021 гардиданд

Мария Ресса ва Дмитрий Муратов барандагони Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2021 гардиданд

🕔14:07, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сармуҳаррири «Новая газета» (Русия) Дмитрий Муратов ва журналисти филиппинӣ Мария Ресса барандагони Ҷоизаи сулҳи Нобел барои соли 2021гардиданд. Дар ин бора имрӯз, 8 октябр Кумитаи нобелӣ хабар дод. Онҳо ба ин ҷоиза барои талошҳояшон дар ҳифзи

Матни пурра
Дар Душанбе озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» ҷамъбаст гардид

Дар Душанбе озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» ҷамъбаст гардид

🕔13:47, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар/. Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» ҷамъбаст гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Имсол озмуни мазкур дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти

Матни пурра
Дар Душанбе Намоиш-озмуни байналмилалӣ ва Форуми меъморони Тоҷикистон оғоз гардид

Дар Душанбе Намоиш-озмуни байналмилалӣ ва Форуми меъморони Тоҷикистон оғоз гардид

🕔13:14, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар соли 2021 Намоиш-озмуни байналмилалӣ таҳти унвони

Матни пурра
Дар Анқара ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ таҳти унвони «Забон — пайвандгари миллатҳо» ҳамоиш баргузор шуд

Дар Анқара ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ таҳти унвони «Забон — пайвандгари миллатҳо» ҳамоиш баргузор шуд

🕔12:50, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ дар Институти афкори стратегии шаҳри Анқара (Stratejik Düşünce Enstitüsü) дар мавзӯи «Забон — пайвандгари миллатҳо» конфронс доир гардид. Дар ин бора

Матни пурра
Намояндаи СУТ аз кишварҳои ИА даъват кард, ки ба Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Украина ваксина диҳанд

Намояндаи СУТ аз кишварҳои ИА даъват кард, ки ба Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Украина ваксина диҳанд

🕔12:31, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ки аз ҷониби ҷомеа ба таври мутамарказ бо ваксина бар зидди коронавирус таъмин карда мешаванд, аксар вақт ба кишварҳои сеюм  ваксинаро қариби ба охир  расидани муҳлати истифодаашон  медиҳанд. Тавре АМИТ “Ховар” бо

Матни пурра
Намояндаи расмии ВКХ ФР: Русия дар сурати бад шудани вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тадбирҳои қатъитарин  меандешад

Намояндаи расмии ВКХ ФР: Русия дар сурати бад шудани вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тадбирҳои қатъитарин меандешад

🕔12:30, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Русия вазъро дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон бодиққат назорат мекунад ва омода аст дар сурати шиддат гирифтани вазъ тадбирҳои қатъӣ андешад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора 7 октябр зимни

Матни пурра
Муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои ИДМ иштирок намуд

Муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои ИДМ иштирок намуд

🕔12:25, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар Ереван ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ доир гардид. Дар он аъзои Шӯро аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Узбекистон ва шахсони

Матни пурра
Amnesty International : Толибон* 13 афғони ҳазора, аз ҷумла як духтари 17-соларо ба қатл расониданд

Amnesty International : Толибон* 13 афғони ҳазора, аз ҷумла як духтари 17-соларо ба қатл расониданд

🕔12:21, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021/АМИТ «Ховар»/.  Созмони «Афви Байналмилал» (Amnesty International) дар гузориши охирини худ мегӯяд, ки толибон* дар ноҳияи Қоҳурии вилояти Дайкунди дар маркази Афғонистон 13 афғони ҳазора, аз ҷумла як духтари 17-соларо куштанд.  Созмони «Афви Байналмилал» рӯзи сешанбе, 5 октябр, гузориши

Матни пурра
Русия аз фаъолшавии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард

Русия аз фаъолшавии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард

🕔12:13, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021/АМИТ «Ховар»/. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова (ДАР АКС) зимни як нишасти матбуотӣ дирӯз, 7 октябр, гуфт, ки Маскав аз афзоиши фаъолиятҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»* дар Афғонистон нигарон аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо

Матни пурра
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тарабхонаи «Форел»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тарабхонаи «Форел»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

🕔12:10, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи “Солҳои 2019-2021 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳо амалӣ карда мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Матни пурра
Миёни вилояти Сирдарёи Узбекистон ва Тоҷикистон автобусҳои транзитӣ  роҳандозӣ мешаванд

Миёни вилояти Сирдарёи Узбекистон ва Тоҷикистон автобусҳои транзитӣ роҳандозӣ мешаванд

🕔12:05, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар/. Миёни вилояти Сирдарёи Узбекистон ва Тоҷикистон автобусҳои транзитӣ тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд. Ин нуктаро 7 октябр  номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон — Ҳизби либералӣ-демократии Узбекистон, Президенти кунунии мамлакат Шавкат Мирзиёев зимни

Матни пурра
Дар ноҳияҳои Восеъ ва Муъминобод масъалаҳои рушди сайёҳӣ баррасӣ гардиданд

Дар ноҳияҳои Восеъ ва Муъминобод масъалаҳои рушди сайёҳӣ баррасӣ гардиданд

🕔11:48, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тарбияи мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ, дар мавзеъҳои таърихӣ фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, бештару беҳтар тарғиб намудани имконияти сайёҳӣ дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ 7 октябр зимни сафари кории

Матни пурра
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад

Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад

🕔11:33, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири саноат ва технологияи Туркия (ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ) Мустафа Варанк баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо

Матни пурра
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти «Мактаби Оксфорд» оғози расмӣ бахшиданд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти «Мактаби Оксфорд» оғози расмӣ бахшиданд

🕔11:30, 8.Окт 2021

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти нахустин мактаби байналмиллалии типи нав – «Мактаби Оксфорд» оғози

Матни пурра

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Октябрь 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Сен   Ноя »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-