БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои 33-юми олимпии шаҳри Парижи Фаронса иштирок менамоянд, мулоқот анҷом доданд.