3 амалиёти бобарор ва мусодираи 150 кг маводи мухаддир
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ҷараёни баргузории амалиёти навбатии фаврӣ-ҷустуҷўйӣ дар шаҳри Хуҷанд, аз гардиши ғайриқонунӣ қариб 29 килограм маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ба мо аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти