Иштироки Э. Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои-аъзои СААД
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои-аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, зеро раисӣ дар ин созмон аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.