Боздошти корманди мақомоти судӣ бо ҷурми порагирӣ
Душанбе, 27. 03. 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки сокини 57-солаи шаҳри Душанбе, корманди мақомоти судӣ, барои қонунӣ гардонидани мағозаи шахсии як зани 42-солаи сокини маҳаллӣ маблағи 2500 доллари ИМА-ро ҳамчун пора талаб намудааст.