Фотогалереяҳо
New Europe: Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳи Тоҷикистон
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даҳаи охири қарни гузашта дар дастёбӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвараш басо муҳим аст. Албатта, “Меъмори сулҳ” дар Тоҷикистон ҳар вақт ин хизматҳоро ба ҳамватанони шарафманду худогоҳ,
ФБД: Ҳангоми баланд шудани ҳарорат қабул ва гусели ҳавопаймоҳои гаронвазн шабона сурат мегирад
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо баланд шудани ҳарорати ҳаво «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» вазни ҳавопаймоҳои боркашро кам карда, қабул ва гусели ҳавопаймоҳои гаронвазнро дар соатҳое, ки ҳарорат мўътадил мешавад ё шабона ба роҳ мемонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»
Шунидан кай бувад монанди дидан
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Вақтҳои охир гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоии Однокласники, Фейсбук ва инчунин дар телевизиони моҳвораии салафиҳои такфирӣ бо номи “Висоли Ҳақ” сару садо баланд мекунанд, ки таблиғоташон аслан ботил аст. Туҳмату фитнае бар зидди ҳукуматдорону уламои
Э. Раҳмон бо эътирофи саҳми беназираш дар ваҳдати миллӣ бо унвони профессори фахрии CERIS сарфароз гардид
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо қарори Шӯрои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш.Брюссел), муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин Марказ сарфароз
Беҳтарин бозингари вохӯрии Аргентина ва Парагвай Лионел Месси дониста шуд
Душанбе, 02.07.2015, (АМИТ- «Ховар» Меҳрони Қурбон).- Ҳамлагари дастаи «Барселона» ва дастаи мунтахаби Аргентина Лионел Месси, ки дар бозии даври нимниҳоии мусобиқаи Ҷоми Амрико ширкат дошт, бори аввал се партофти головар дар дастаи миллиаш намуда, нахустин бор хетт-трики партофтҳои головар кард.
Маслиҳати ҳуқуқӣ ба 300 нафар муҳоҷири меҳнатӣ дар фурудгоҳ
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи баҳисобгириии муҳоҷират ва назорати рафту омади шаҳрвандон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҳафтаи равон бо зиёда аз 300 нафар шаҳрванд- муҳоҷири меҳнатӣ мулоқот доир намуда, оид ба будубоши шаҳрвандон дар
Лю Тао: Имконияти воқеии бастани шартнома ба маблағи 500 млн. доллар вуҷуд дорад
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ноиби Президенти шуъбаи Синзянии Бонки давлатии рушди Чин Лю Тао 2 июл дар ҷараёни мулоқот бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва коршиносон оид ба таҳлили барномаҳои ҳамкории ин бонк изҳор намуд, ки баъди
Боздиди Қ. Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки наздисоҳилии дарёи Панҷ
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки наздисоҳилии дарёи Панҷ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дидан карда, бо ҷараёни корҳои мустаҳкамкунии соҳил шинос шуд. Қоҳир Расулзода
Як шоҳзодаи Саудӣ 32 млрд доллари дороияшро ба созмонҳои хайрия мебахшад
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Пойгоҳи хабарии «Тулӯъ нюс» бо такя ба гузориши хабаргузории Фаронса иттилоъ медиҳад, ки Валид ибни Талол шоҳзодаи миллиардери Арабистони Саудӣ эълом доштааст, тамоми сарвати худро бо арзиши 32 миллиард доллари амрикоӣ сарфи фаъолиятҳои хайрия мекунад.
Фархор: ҳаққи истифодаи об пардохт намешавад
Кӯлоб 02.07.2015. (АМИТ »Ховар», Сулаймони Хол).- Дар минтақаи Кӯлоб бо мусоид омадани обу ҳаво кишоварзон аҳлона меҳнат карда, анвои гуногуни маҳсулоти хоҷагии қишлоқро парвариш доранд. Хусусан дар ноҳияҳои Восею Фархор, ки солҳои қаблӣ деҳқонон ба оби ирригатсионӣ кам дастрасӣ доштанд,
Кӯлоб: Қасри фарҳанг навсозӣ гардид
Кӯлоб, 02.07.2015. (АМИТ»Ховар», Сулаймони Хол).- Имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб омодагӣ ба ҷашнҳои 700- солагии аломаи машриқзамин Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 70- солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва пойтахти фарҳангии давлатҳои ИДМ интихоб гардидани шаҳри Кӯлоб
Роҳбари шабакаи покистонии Ал-Қоида маҳв карда шуд
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раҳбари шабакаи покистонии Ал Қоида зимни як амалиёти полиси Покистон якҷоя бо ҳамроҳонаш дар Панҷоб кушта шудаанд. Тавре ки расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳанд, аз ин раҳбари Ал Қоида “Абдолӣ” ном бурда мешавад. Дар ҷараёни ин
Боздошти марди 53-сола барои таҷовуз ва куштори духтари 6-сола
Хуҷанд, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»,Абдуаҳад Шарифзода).- Кормандони милитсияи вилояти Суғд зимни гузаронидани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 53 солаеро бо гумони даст доштан дар таҷовуз ва куштори духтарчаи 6-сола боздошт карданд. Ба иттилои манбаъ 30 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби
ВКД рӯйхати сомонаҳоеро, ки фаъолияташон манъ шудааст, нашр намуд
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрӯз ВКД дар сомонаи худ рӯйхати сомонаҳоеро, ки фаъолияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, нашр намуд. Тибқи он фаъолияти сомонаҳои зерин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст: «Ҳизб-ут-Таҳрир» Сомонаи асосии расмӣ: 1. http://www.hizb-ut-tahrir.org/# 2.
Симпозиуми байналмилалӣ дар Душанбе ва Кўлоб бахшида ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мақоми ў
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Баргузории симпозиуми байналмилалии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мақоми ў дар тамаддуни Осиёи Марказӣ» рўзҳои 4-7 сентябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Кўлоб ба нақша гирифта шудааст. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
11 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 4 рӯз: ҳангоми оббозӣ боэҳтиёт бошед!
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар 4 рӯзи ҳафтаи равон аз ҷониби кормандони милитсия 11 ҳодисаи ғарқшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои обуҳавосанҷон гармии ҳаво дар ҷумҳурӣ аз 1-ум то 5-уми июли соли равон аз 7 то 12
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Финляндия рафт
Душанбе, 02.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар иҷлосияи 24 -уми Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо/САҲА/ ширкат меварзад. Иҷлосияи мазкур аз 4 то 8 июл дар пойтахти Финляндия -шаҳри Хелсинки доир гардида, вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон
Баррасии Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ
Душанбе, 02. 07. 2015. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хулосаҳои атрофи Стратегияи Иттиҳоди Аврупоро барои Осиёи Марказӣ қабул намуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифт, ки бо панҷ
Истиқболи Оятуллоҳ Хоманаӣ аз шеърхонии шоири тоҷик
Душанбе, 02.07.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- “Шоир набояд ба масоили атрофи худ ва дунё бетараф бошад ва бо баёни афкору ашъораш дар ҷомеа таъсиргузор бувад, зеро гоҳо аз як суханронии муфассал ва тӯлонӣ як шеър муассиртар аст”. Ин матлабро Оятуллоҳ Хоманаӣ