Вакили Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии СААД иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Мирзозода дар кори ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АБ СААД) оид ба масоили сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, ки дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии