Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 19.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур