Ҳаҷми қарздиҳӣ дар кишвар афзуд
Душанбе, 30.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Аз рӯи натиҷаи фаъолият тайи 11 моҳи соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо дар ҳудуди Тоҷикистон 9 миллиарду 370 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 25,8 фоиз зиёд аст.