Бузҳоро дар Калифорния ҳамчун воситаи оташнишонӣ ба иҷора мегиранд
ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Иёлати Калифорния талабот ба иҷораи бузҳо, ки ҳамчун воситаи оташнишонӣ истифода мешаванд, меафзояд, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба агентии «Садои Амрико». Тавре рӯзнома навиштааст, бузҳо алафи хушк ва гиёҳҳои атрофи хонаҳоро истеъмол мекунанд.