Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати Агентии Амрико