Ба саҳифаи асосӣ

Фотогалереяҳо

Ғалабаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Бангладеш дар вохӯрии ҷавобии плей-офф

Ғалабаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Бангладеш дар вохӯрии ҷавобии плей-офф

🕔18:04, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вохӯрии ҷавобии плей-оффи Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки  финали он дар Амороти Мутаҳидаи Араб мегузарад,  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Бангбаҳанду»-и шаҳри Дакка соҳибони майдон, дастаи мунтахаби Бангладешро бо натиҷаи 1:0 мағлуб кард. Ягона

Матни пурра

Таъйини ҷазо барои суиқасд дар иштироки амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлати дигар

🕔17:12, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Шайхов Аҳлиддин Файзиддинович, соли таваллудаш  1985,  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Меҳробод, кӯчаи Спитамен №34, хонаи №2 бо айбдорӣ аз рӯи  моддаҳои 32, қисми 3 — 401

Матни пурра

Аввалин пирӯзии Аргентина дар Ҷоми Амрико

🕔17:08, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ду дастаи футболи мунтахаби пурқуввати гурӯҳи «Д»-и мусобиқаи Ҷоми Амрико- Аргентина ва Чили  бозии аввалини худро баргузор намуданд. Хотиррасон  мешавем, ки  ҳарду даста дар мусобиқаи соли 2015 ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта, барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ

Матни пурра

Баррасии омилҳои гендерӣ дар самти коҳиш додани масоили хушунат ва табъиз нисбат ба занони мубталои ВНМО

🕔17:06, 7.Июн 2016

Душанбе, 7.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи барномаи лоиҳаи «Даъвати занони мубталои ВНМО ба муносибати хайрхоҳона» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Омилҳои гендерӣ дар самти коҳиш додани масоили хушунат ва табъиз нисбат ба занони

Матни пурра

Бонки ҷаҳонӣ барои Марҳилаи дуввуми барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа 54 млн. доллар ҷудо намуд

🕔17:03, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.   Бонки ҷаҳонӣ барои Марҳилаи дуввуми барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ-вилояти Суғд (РАОМ-2) 54 миллион доллари ИМА ҷудо намуд. Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти кишвар, қисме аз ин маблағҳо барои хизматҳои машваратӣ харҷ мешаванд. 

Матни пурра
Ошкор гардидани молҳои ба таври ғайриқонунӣ воридгардида

Ошкор гардидани молҳои ба таври ғайриқонунӣ воридгардида

🕔17:01, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд зимни гузаронидани  амалиёти гумрукӣ аз ҷониби гумрукчиёни тоҷик мошини тамғаи  «Опел Зефира» боздошт гардид, ки аз дохил ва болои он 8 тӯб молҳои либосвории аз Узбекистон ба таври қочоқ воридгардида ошкор шуданд. Молҳои

Матни пурра

Дар Спитамен сегоникҳо чашм ба олам кушоданд

🕔16:30, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен Ҳайитгул Тошматова соҳиби сегоник гардид. Сардори  Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодира Мирзозода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спатамен аз вазъи саломатии модари сегоник

Матни пурра

Тоҷикистон дорои қонуни рушди туризми дохилӣ мегардад

🕔16:28, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар оянда палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ»-ро қабул хоҳад кард. Алҳол лоиҳаи қонуни мазкур дар марҳилаи таҳия қарор дошта, аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби вакилони  Маҷлиси намояндагон

Матни пурра

Рақиби Клинтон дар интихоботи президенти ИМА миллиардер Доналд Трамп хоҳад буд

🕔15:04, 7.Июн 2016

Душанбе 07.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ҳилларӣ Клинтон дар ҷараёни праймеризи «сешанбеи бузург» соҳиби шумораи зарурии овозҳои вакилон гардид ва аввалин зан аз Ҳизби демократи Амрико ҳамчун номзад ба президентӣ пешниҳод шуд. Барои  ғалаба (2383 овозҳо) ба Ҳилларӣ Клинтон ҳамагӣ

Матни пурра

Баррасии нақшаи нави кории «Даҳсолаи илм ва технология» дар Покистон

🕔15:03, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.   Дар   шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи понздаҳумин Ассамблеяи генералии Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ (COMSTECH)-и Созмони Ҳамкории Исломӣ доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ширкат дошт.

Матни пурра

Ҷаласа оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Кӯлоб

🕔15:02, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Дафтари

Матни пурра

Қӯшунҳои сарҳадӣ соҳиби 7 мошини нави роҳпаймои таъйиноташ умумӣ гардиданд

🕔14:55, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо «Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳадҳо» (EXBS) 7 мошини нави роҳпаймои таъйиноташ умумӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар гардондани фаъолияти таъмини амният дар сарҳад ва ҷилавгирӣ

Матни пурра

Дастаи волеболбозони «Душанбе-1»- ғолиби мусобиқа

🕔14:54, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ аз 1 то 5-уми июни соли равон дар Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захираҳои олимпии №5- и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни бонувон баргузор гардид. Дар он 5

Матни пурра

Сӯхтори калон дар Париж ҳаёти панҷ нафарро аз байн бурд

🕔14:53, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016 / АМИТ «Ховар» /.  Дар минтақаи Сен-Дении  атрофи Париж сӯхтори калон  ба амал омад. Хонаи истиқоматӣ қариб пурра сӯхт. На камтар аз панҷ нафар нобуд шуда, 12 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Аз онҳо  се сӯхторнишон дар амалиёти наҷотдиҳӣ

Матни пурра

Таъйини ҷазо барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ

🕔14:52, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе   парвандаи ҷиноятиро  нисбат ба Саидов Солеҳҷон Ҷабборович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри  Душанбе, кўчаи Хоҷамбиёи боло,  хонаи 3  бо айбдорӣ  аз рӯи моддаи 286, қисми 2 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Матни пурра

Кормандони Агентии зиддикоррупсионӣ муовини директори ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакентро дастгир намуданд

🕔14:51, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент Бобо Бобохонов ва менеҷери корхона Қобил Турсуновро барои саркашӣ намудан аз супоридани пардохтҳои ҳатмии экологӣ дастгир намуданд. Тавре

Матни пурра
Имсол беш аз 97 ҳазор хонанда ба лагерҳои тобистона ҷалб хоҳанд гашт

Имсол беш аз 97 ҳазор хонанда ба лагерҳои тобистона ҷалб хоҳанд гашт

🕔14:51, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дарсҳо ба итмом расида, хонандагон ба имтиҳонҳои давлативу аз синф ба синфгузарӣ  тайёрӣ мебинанд.  Пас аз супоридани имтиҳонҳо кӯдакону наврасон ба таътили тобистона мебароянд. Чун анъана ҳар сол дар

Матни пурра
Котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ аз ҷойҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан мекунад

Котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ аз ҷойҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан мекунад

🕔14:41, 7.Июн 2016

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 9 июни соли равон котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тибқи иттилои Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ зимни

Матни пурра
Нархи маҳсулоти асосии истеъмолии сокинон муътадил боқӣ мондааст

Нархи маҳсулоти асосии истеъмолии сокинон муътадил боқӣ мондааст

🕔12:00, 7.Июн 2016

Душанбе.07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол дар  арафаи моҳи шарифи Рамазон дар сомонаҳои интернетии ҷумҳурӣ ва дигар васоити ахбори омма  хабару гузоришҳо оид ба болоравии  нархҳои маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ба нашр расида, муаллифону шаҳрвандон  аз ин амали носавоби савдогарон   шикоят

Матни пурра

Tоҷикобод: сохтмони биноҳо бахшида ба 25- солагии Истиқлолият вусъат меёбад

🕔11:55, 7.Июн 2016

Тоҷикобод, 7.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод сохтмони иншооти гуногун анҷом ёфта, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Муҳимтарини онҳо бинои меҳмонхона барои 50 ҷой дар маркази ноҳия, бинои 6 синфхонаи иловагӣ дар

Матни пурра

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Июнь 2016
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Май   Июл »
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-