ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР СПИТАМЕН
Суғд, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», С. Юсуфӣ).- Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва соҳибкор Мирзорақиб Зарипов дар деҳаи Янгиободи ҷамоати Нови ноҳия толори варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти