Ба саҳифаи асосӣ

Фотогалереяҳо

50 сол бо қалам

🕔17:44, 12.Фев 2013

Душанбе , 12 феврал. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Пагоҳ дар Китобхонаи миллии Точикистон маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «50 соле бо қалам», ки ба фаъолияти нимасраи эчодии Шоири халқии Тоҷикистон устод Ҳақназар Ғоиб бахшида шудааст, баргузор мегардад. Дар маҳфил ҳамчунин намоиши

Матни пурра

Густариши ҳамкориҳои судманд

🕔17:44, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умед Давлатзод бо сардори Раёсати таҳлилии Бонки рушди Авруосиё Элла Байбикова сурат гирифт.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати

Матни пурра

Тақвияти чораҳои зиддисӯхторӣ дар «Корвон»

🕔17:27, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Он сӯхторҳое, ки дар ду соли охир дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба вуқӯъ омадаанд, на танҳо худи соҳибкорон, балки роҳбарияти ВКД ва СХДО-ро ба ташвиш гузошт. Хусусан ҳодисаи сӯхторе, ки 5 сентябри соли 2012

Матни пурра

Раисони парлумон сохтмони пурраи иншооти муҳимро баррасӣ карданд

🕔17:26, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Эрон дар меҳвари мулоқоти раисони парлумонҳои ду кишвар- Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон ва Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон қарор дошт, ки имрӯз дар Исломобод

Матни пурра

Натиҷаҳои конфронси АПСҲИ

🕔17:04, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Исломобод имрӯз конфронси якуми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ /СҲИ/, ки муддати ду рӯз идома дошт, анҷом ёфт. Рўзномаи конфронс, ки фарогири масъалаи «Нақши парламентҳо дар дастгирии савдо ва сармоягузории дохили минтақавӣ

Матни пурра

«Тоҷикстандарт»: мутобиқсозии стандартҳо

🕔16:27, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масъалаҳои рушди бамеъёрдарории техникӣ ва стандартҳо, ҷорӣ намудани низоми нави идораи сифат дар корхонаҳои ватанӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии ИСО 9001 ва ИСО 22000 имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни семинаре, ки

Матни пурра

Маҷаллаи нави илмӣ

🕔16:21, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Кормандони соҳаи маориф ва мухлисони нашрияҳои омӯзгориро боз як падидаи фараҳбахш хурсанд намуд. Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон маҷаллаи нав таҳти унвони «Илм

Матни пурра

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Украина

🕔16:12, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори навтаъйини Украина дар Тоҷикистон В.Никитюк баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои

Матни пурра

Озмун барои соҳиб шудан ба квотаҳои таҳсил дар Чин

🕔16:11, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Вазорати маорифи Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба квотаҳои таҳсил дар Ҷумҳурии Мардумии Чин озмун эълон кардааст.  Бино ба гуфтаи Абдусаттор Одинаев, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маорифи кишвар Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳсили

Матни пурра

Бонки рушди Авруосиё — шарики боэътимоди Тоҷикистон

🕔12:35, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мудирияти Бонки рушди Авруосиё Игор Финогенов масъалаҳои муҳими соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нахуст ҷонибҳо аз сатҳи кунунии равобити Тоҷикистон ва

Матни пурра

Ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир

🕔12:29, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 11 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Робин Орд – Смитт баргузор гардид. Тавре ки аз

Матни пурра

Маросими расмӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО

🕔12:28, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар»). — 11 феврал дар қароргоҳи ЮНЕСКО воқеъ дар шаҳри Париж маросими расмии оғози «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши истифодаи об» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ намояндагӣ намуд.

Матни пурра

Комбинати калони металлургӣ ба кор шурӯъ мекунад

🕔12:28, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Коргоҳҳои аввали комбинати калони металлургӣ, ки дар ноҳияи Ҳисор бунёд мегардад, моҳи сентябри соли равон ба кор шурӯъ мекунанд. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ

Матни пурра

Ҳайати дастаи «Регар – ТадАЗ» эълон шуд

🕔12:27, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Клуби футболи «Регар – ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода ҳайати дастаашро барои мавсими соли 2013 эълон намуд. Футболбозони шаҳри Регар 9 феврал дар варзишгоҳи «Металлург» бо дастаи СКА «Помир» вохӯрда, бо ҳисоби

Матни пурра

Чанд хабар аз хориҷи кишвар

🕔12:06, 12.Фев 2013

Дастгир намудани Анна Мария Кокова Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар»).-Аз ҷониби мақомоти қудратии махсуси Италия дар шаҳри Милан роҳбари ширкати сохтмонӣ Анна Мария Коковаро аз сабаби даст задан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир намуданд. Ба гуфти расонаҳои хабарии Аврупо номбурда дар сўйистифода

Матни пурра

Фаҳмида Мирзо ба Душанбе даъват шуд

🕔12:04, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни сафар ба Покистон бо Раиси Ассамблеяи миллии ин кишвар хонум Фаҳмида Мирзо мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот раисони парлумонҳои Тоҷикистону Покистон атрофи масоили густариши

Матни пурра

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Игор Финогенов

🕔11:58, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Мудирияти Бонки рушди Авруосиё Игор Финогеновро ба ҳузур пазируфт.Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи молиявӣ, аз ҷумла рӯзномаи мизи мудаввари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки

Матни пурра

«Фарҳанги Доро»— сафҳаи тоза дар луғатнигории тоҷик

🕔10:14, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон китоби нави шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Доро Наҷотро бо номи «Фарҳанги Доро» ба нашр расонид.  Ин китоб баргузидаи тафсири беш

Матни пурра

Ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Туркия қаноатбахшанд

🕔10:06, 12.Фев 2013

Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар Исломобод зимни мулоқот бо ҳамтои турки худ – Раиси Маҷлиси Бузурги Туркия Ҷемил Чичек дурнамои тавсеаи рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Туркияро баррасӣ намуд. Шукурҷон Зуҳуров иброз

Матни пурра

«Тента» ба «Ноҳид» маҳсулот медиҳад

🕔09:47, 12.Фев 2013

Кӯлоб, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар шаҳри Кӯлоб барои бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти содиротии ба талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дар айни ҳол як корхонаи муштараки ресандагӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати «Тента» — и Федератсияи

Матни пурра

МАВОДҲОИ ВИДЕОӢ

Февраль 2013
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Янв   Мар »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728  

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-