Дар ВКХ маросими нусхаи эътимодномасупории Сафирони Лаҳистон, Босния ва Гертсеговина ва Чили доир гашт
Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳуриҳои Лаҳистон Петр Ивашкевич, Босния ва Гертсеговина Кемал Муфтич ва Ҷумҳурии Чили Хуан Эдуардо Эгигуренро ба муносибати супоридани нусхаҳои Эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.