Аксел ван Тротсенбург: «Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимод омода аст Тоҷикистонро дар рушди иқтисодӣ хамаҷониба дастгирӣ намояд»
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 октябр дар Қасри миллат Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург ва Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории