Иштироки Қ. Расулзода дар ҷаласаи сарвазирони кишварҳои ИДМ
Душанбе, 29.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар минтақаи Боревои вилояти Акмалаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии сарони ҳукуматҳо — сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ доир шуд. Ҳайати Тоҷикистон дар кори ин ҷаласа таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок кард.