Ба саҳифаи асосӣ

Фотогалереяҳо

Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ITF

🕔18:57, 5.Мар 2014

Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ташкил ва баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид ба таэквондо (ITF) доир гардид. Раиси Кумитаи тадорукот, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҷабборӣ иброз дошт, ки дар мувофиқа бо Федератсияи байналмилалии таэквондо

Матни пурра

Ҷилои тозаи «Ҷило- 2014»

🕔16:50, 5.Мар 2014

  Душанбе, 05.03.2014. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). — Дар нишасти хабарие, ки дирӯз дар Душанбе бо ибтикори ТВ «Сафина» баргузор шуд, лоиҳаи «ҶИЛО» баррасӣ шуд. Мақсади  баргузории озмун саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанг ва ҳамгироии бештари форсизабонон мебошад. Дар нишаст гуфта

Матни пурра

Иқтидорҳои истеҳсолии Суғд самаранок истифода намешаванд

🕔16:48, 5.Мар 2014

Душанбе, 5.03.2014 (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мутахассисон ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунии вилоят  вохӯрӣ доир намуда, таъкид намуд, ки ҳадафҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят асосан ба се самт нигаронида

Матни пурра

Арҷгузорӣ ба ҷашни модарон

🕔16:31, 5.Мар 2014

         Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи байналмилалии занон аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид шурӯъ аз 8 марти соли 1975 ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз мо дастовардҳои гузашта, вазифаҳои оянда, инчунин иқтидори истифоданашуда ва имкониятҳои мавҷударо

Матни пурра

Рӯзи дарҳои кушод дар ДДК

🕔16:28, 5.Мар 2014

Кӯлоб, 05.03.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар рӯзи дарҳои кушод, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргузор гардид, беш аз 500 нафар хатмкунандаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуда, бо шароити таълиму тадрис дар ин махзани илму маърифат ошно

Матни пурра

Намоиш — фурӯши мусаввараҳои рассомони тоҷик

🕔16:13, 5.Мар 2014

Душанбе, 5.03.2014 (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат) — Экспозитсияи «Гулдухтарони тоҷик», бахшида ба иди зебои баҳор Рӯзи  модарон 10 март дар Колеҷи рассомии ба номи М. Олимов дар Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора аз Колеҷи  рассомии ба номи М. Олимов

Матни пурра

Вазъи ҳавои кишвар дар ҳафтаи ҷорӣ

🕔16:13, 5.Мар 2014

Душанбе, 05.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Рӯзҳои 4-5 март дар Тоҷикистон ҳавои гарму офтобӣ ва бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад. Бегоҳии 6 март борони начандон зиёд дар назар аст, ки то охири ҳафта

Матни пурра

Вусъати корҳо дар шоҳроҳи Панҷакент-Айнӣ

🕔16:12, 5.Мар 2014

  Панҷакент, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Корҳои сохтмонӣ дар асоси лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Панҷакент- Айнӣ бо суръат давом доранд.  Фахриддин Мўъминов, масъули Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди Панҷакент ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ин иншоот беш аз

Матни пурра

Тоҷикистону Куба- дар арзҳои дӯстӣ

🕔16:12, 5.Мар 2014

      Душанбе, 05.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода».- Тавсеаи равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Куба имрӯз дар ҷараёни мулоқоти Сайдулло Хайруллоев-раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити  фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ  ва Карлос Валдес де ла Консепсион -Сафири фавқулода ва мухтори  Ҷумҳурии

Матни пурра

«Фуруғи Ориёно”- озмун бахшида ба Рӯзи Модар

🕔15:35, 5.Мар 2014

Душанбе, 05.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-“Фуруғи Ориёно”- бо чунин ном бахшида ба Рӯзи модар дар мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт озмун миёни хонандагон ва фаъолдухтарони муассисаҳои таълимӣ ҷараён дорад. Озмуни мазкур дирӯз дар миёни хонандагони се мактаби миёнаи пойтахт- мактаби таҳсилоти

Матни пурра

Садои “Ховар” дар маркази Хатлон

🕔15:16, 5.Мар 2014

  Душанбе, 5 март. (АМИТ “Ховар”, Афшини Муқим).- Чандест, ки Радиои “FM Ховар”  дар мавҷи 100,5 FM дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қурғонтеппа ва атрофи он садо медиҳад. Акнун сокинони вилояти Хатлон имкон доранд, то аз шунидани барномаҳои иттилоотиву

Матни пурра

Ҳамкорӣ оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон

🕔15:02, 5.Мар 2014

Душанбе, 05.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-«Ҳамкорӣ оид ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинар доир гардид. Дар семинар намояндагони Шӯрои адлия, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Суди олии

Матни пурра

6 медали хонандагон аз Алмаато

🕔14:59, 5.Мар 2014

Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-  Дар олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии  Қазоқистон  6 нафар хонандагони Мактаби президентии шаҳри Чкалов иштирок  намуда, 6 медали нуқра ба даст оварданд. Гуфта мешавад, ки 5 нафар хонандагони синфи 10 ва 1 нафар

Матни пурра

Пешниҳоди 2 688 ҳуҷҷат ба ММТ

🕔14:28, 5.Мар 2014

  Душанбе, 5.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар 4 рӯзи аввал (1, 3 ва 4-уми март) барои қабул шудан ба муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон 2 ҳазору 688 довталаб ҳуҷҷат супоридааст, ки 2 нафараш ятими кулл, 17 нафар ятим ва 4

Матни пурра

Тарҳрезии стратегияи ХМК

🕔14:07, 5.Мар 2014

Душанбе, 05.03.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина Эрлих).-  4  март  дар  шаҳри Душанбе  мулоқоти  муовини  аввали Вазири  рушди  иқтисод ва  савдои  ҶТ  Неъматҷон  Бӯриев бо ҳайати  Бонки  умумиҷаҳонӣ  бо  роҳбарии  намояндаи  доимии бонки  мазкур  дар  ҶТ  Марши  Олив  баргузор  гардид.    Тавре

Матни пурра

Муҳокимаи маърӯзаи нави Бонки умумиҷаҳонӣ

🕔14:06, 5.Мар 2014

Душанбе, 05.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- 4 март дар  шаҳри Душанбе  натиҷаи  маърӯзаи  нави Бонки  умумиҷаҳонӣ  дар  мавзӯи  «Рушди диверсификатсионӣ: истифодаи беҳтари  захираҳои табиӣ дар  АвруОсиё» мавриди муҳокима  қарор  гирифт.    Тавре  ки аз намояндагии  Бонки  умумиҷаҳонӣ  дар  ҶТ  хабар  доданд, тайи

Матни пурра

Мушкилоти муҳоҷират ҳал хоҳад шуд

🕔11:13, 5.Мар 2014

Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 4 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати тақвият бахшидани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи «Таҳкими идораи раванди муҳоҷират дар асоси таҷрибаи

Матни пурра

Бахти баланди зан

🕔11:11, 5.Мар 2014

Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ҳангоми ба забон овардани номи Зан — Модар шахси латифу нозук, зебову пуртамкин пеши назар меояд. Дар баробари ин вақте сухан дар бораи наҷотдиҳанда меравад, ҳомии абадии осебдидагон, шахси дорои ҷисми тавонову пуриқтидор, дастони пурқувват ва

Матни пурра

Вохӯрӣ бо хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои хушкигард

🕔10:52, 5.Мар 2014

Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо мақсади иҷрои “Нақшаи муштараки чорабиниҳо оид ба пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар соҳаи хизмати ҳамарӯза дар Вазорати мудофиаи ҶТ”

Матни пурра

Сайқали дониши ҳарбии афсарон

🕔10:51, 5.Мар 2014

Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳафтаи гузашта дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа курсҳои омӯзишии сафарбарӣ доир шуданд, ки дар он афсарони комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ёрдамчиёни сардорони ситоди навъи Қувваҳои Мусаллаҳ

Матни пурра

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Март 2014
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Фев   Апр »
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-