СИРКИ ӮЗБЕКИСТОН БА ДУШАНБЕ МЕОЯД! Ҳайати сирки кишвари ҳамсоя бо худ ҳайвонҳои гуногуни ромшударо меорад
ДУШАНБЕ, 27.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Сирки Ӯзбекистон бо сафари ҳунарӣ ба Душанбе меоянд. Ҳайати Сирки Тошканд бо худ ҳайвонҳои гуногуни ромшуда маймунҳо, сагҳо, ламаҳо ва аспчаҳоро (понҳо) меорад. Ҳайат аз 15 нафар иборат буда, бояд имрӯз ба пойтахти Тоҷикистон ворид