Дар соли раёсати Тоҷикистон Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ҳайси нозир дар Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд
ДУШАНБЕ, 05.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал мулоқот намуданд. Дар мулоқот намояндагони Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон иштирок