Бонки миллии Тоҷикистон ба «Ташкилоти суғуртавии Такаффул» барои ду соли оянда иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 29.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди /ҶДММ/ «Ташкилоти суғуртавии Такаффул» барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 22 сентябри соли 2025 иҷозатнома дода шуд.