Дар Душанбе ҷаласаи 46-уми Шўрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20-22 майи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 46-уми Шўрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар он ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон,